Суғуртаи воситаи нақлиёти дар гаравбуда/дар иҷорабуда

Ҳадафи Барнома ҳимояи ӯҳдадориҳои Қарзгиранда дар назди Ташкилоти қарзӣ мебошад.

Дар замон мо Кредит барои ҳалли масъалаҳои мухталиф, қонеъ кардани талаботҳои ҳамарӯза ё амалӣ намудани идеяҳои ҷолиб имконият фароҳам меорад ва баъзан ҳатто имкон медиҳад, ки орзуи деринаамон амалӣ гардад. Барои соҳибкорон бошад, Кредит имконият медиҳад, ки тиҷорати худро рушд диҳанд.

Ҳангоми додани қарзҳои андозаи калон, ҳар як Ташкилоти қарзӣ мехоҳад бозгашти онҳоро таъмин намояд. Яке аз воситаҳои баргардонидани қарзҳои додашуда гарави воситаи нақлиёти Қарзгиранда мебошад. Бехатарии нигоҳдории воситаи нақлиёти ба гарав гузошташуда ё ба иҷора додашуда ҳам ба манфиати Қарзгиранда ва ҳам Ташкилоти қарзӣ мебошад, аммо касе ба шумо ин гуна кафолат дода наметавонад.

Суғуртаи воситаи нақлиёт ба шумо кӯмак мекунад, ки новобаста аз он чӣ рӯй медиҳад – афтидани сангҳо, ҲНР, бархӯрд бо ҳайвонот, сӯхтор, пайдоиши оташ, офатҳои табиӣ, таркиш, амалҳои гуногуни ғайриқонунии шахсони сеюм (дуздии мошин, ғорат, хисороти молу мулк), барои автомобили худ нигарон набошед.

Ташкилоти суғуртавии «БИМА» барномаи суғуртаи воситаи нақлиёти ба гарав гузошташуда ё ба иҷора додашударо пешниҳод мекунад. Барномаи мазкур ба коҳиш додани хатари гум шудани маблағҳои пулӣ дар сурати хисороти қисман ё пурра нобудшавии (талафоти) ин воситаи нақлиёт мусоидат мекунад.

Идеяи асосии барнома аз ин иборат аст:
Агар воситаи нақлиёти суғурташуда вайрон ё гум шавад, пас ташкилоти суғуртавӣ ба ташкилоти қарзӣ пардохти суғуртавиро месупорад, ки баъд аз он ташкилоти қарзӣ бо Қарзгиранда метавонад ба хулосае ояд, ки пардохти суғуртавӣ барои кадом мақсад сарф карда мешавад: баргардонидани қарз ё барқарор кардани воситаи нақлиёт. Ин ба Қарзгиранда имкон медиҳад, ки дар ҳолатҳои ғайричашмдошт бори масъулиятро ба дӯши Ташкилоти суғуртавӣ вогузор намояд, муҷозот ва ҷаримаҳои қарзи ба таъхир афтодаро пешгирӣ кунад, ба хешовандон ва дӯстони худ аз ҷиҳати молиявӣ мушкилӣ наорад ва имконияти барқарор кардани амволи гумшударо ба даст орад.