Суғуртаи корпоративӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо

Барнома баҳри ҳифзи вазъи молиявии корманди корхона ҳангоми фарорасии ҳодисаи ғайричашмдошт равона шудааст.

Суғуртаи коллективии кормандони корхона аз ҳолатҳои нохуш ва бемориҳо, чун олоти боэътимоди ҳифзи молиявии корманд ҳангоми фарорасии ҳодисаи ғайричашмдошт ва ҳамчун методи иловагии пурқувватсозии кормандон ва баланд бардоштани самаранокии корҳои онҳо башумор меравад. 

Ҳаёти мо ба хавфҳои муайян алоқаманд мебошад. Нохуши метавонад ба ҳар кас рух диҳад. Беморӣ ва ҳолати нохуш на танҳо ба саломатӣ зарар меорад, балки аз паси худ хароҷотҳои молиявии ҷидиро, ҳам барои корманд ва ҳам барои корхона оварда мерасонад.

Вақте, ки ба корманди арзишманди Ташкилот ҳодисаи нохуш ё беморӣ рух медиҳад, Ташкилотро зарур аст, ки ҳарчи зудтар ва бо сифат саломатии ӯро барқарор созад. 
Ташкилоти суғуртавии «БИМА» барномаи суғуртаи коллективии кормандони корхонаро аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо пешниҳод менамояд. Барномаи мазкур мусоидати дастгирии молиявиро ба корманди Шумо ва оилаи ӯ дар ҳолати гум кардани қобилияти меҳнатии ӯ, аз ҳаёт гузаштан ё бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонад.

Агар корманди корхона гуруҳи маъюбӣ гирад, аз ҳаёт гузарад ё намудҳои гуногуни ҷароҳати ҷисмонӣ бардорад, дар ин вақт Ташкилоти суғуртавии «БИМА» пардохтро ба корманди ҷабрдида барои муолиҷа ва мувофиқсозии оилаи ӯ амалӣ менамояд.

Хавфҳои суғуртавӣ:
— Аз ҳаёт гузаштан;
— Гирифтани гурӯҳи маъюбӣ;
— Гум кардани қобилияти меҳнатӣ;
— Ҷароҳати ҷисмонӣ;
— Бистарикунонӣ;
— Бемории хатарноки марговар;
— Мудохилаи ҷароҳӣ.

Бартарии Суғурта:
Усули инфиродӣ ба мизоҷони корпоративӣ, таҳияи барномаҳои суғуртавӣ мутобиқи талаботҳои онҳо ва махсусан:
— Интихоби маҷмуъи хавфҳо;
— Интихоби маблағи суғуртавӣ;
— Интихоби муғлати суғурта;
Интихоби вақт ва ҳудуди амали ҳифзи суғуртавӣ;
— Ҳифзи молифвии корманд аз руи тарифҳои корпоративӣ бо пардохти максималии васеъи инфиролдӣ;
— Баланд гардонидани симои корхона аз ҳисоби пешниҳодкунии ҷузъи ҳифзи иҷтимоии иловагӣ;
 Баланд гардонидани эътимоднокии корманд ба ширкат;
— Ҳифзи суғуртавӣ дар сатҳи байналмилалӣ мутобиқи стандартҳои Generali Employee Benefits.

Пардохти суғуртавӣ дар чунин ҳолатҳо кумак мерасонад:
— Пардохти муолиҷаи босифати корманди ҷабрдидаро;
— Мувофиқсозии оилаи корманди ҷабрдида ба шароитҳои нави зиндагӣ.

Шарикӣ:
Барномаи суғуртаи мазкур дар якҷоягӣ бо шарикони мо, Generali Employee Benefits, ки қисми ширкатҳои суғуртавии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад – Generali таҳия шудааст.