Суғуртаи кормандон барои сафар ба хориҷа

Барнома баҳри маҷмуи суғуртаи ҳифзи кормандони ташкилотҳое равона шудааст, ки ба сафарҳои хориҷӣ фиристода мешаванд.
Ҳаёт пешгуйӣ нашаванда ҳаст – ҳодисаҳои нохуш, бемории ногаҳонӣ ва дигар ҳодисаи пешгуйи нашаванда метавонад бо ҳар кас рух диҳад. Шахс дар ҳолати ногувор мемонад, вақте, ки дар баробарии аз даст додани саломатӣ, ба ӯ хароҷотҳои иловагӣ барои муолиҷа, ҷустуҷуи мутахассисони тахассуснок ва боз бисёр омилҳои манфӣ пайдо мешавад. 
Ташкилоти суғуртавии «БИМА» барои коронаҳо ва ташкилотҳо, ки масъулияти иҷтимоиро пешкаш мекунанд ва мехоҳанд ҳимояи боэътимоди кормандони худро дар лаҳзаи будубош дар сафар таъмин намоянд, суғуртаи ихтиёриро ҳангоми сафар ба хориҷа  пешниҳод менамояд. 

Суғуртаи сафаркунандагон ба хориҷа (ВЗР) – ин шакли суғурта барои шаҳрвандоне ташкил шудааст, ки ба хориҷа барои истироҳат, варзиш, таҳсил, туризм ва ғайраҳо сафар мекунанд. Дар ҳоли ҳозир дар тиҷорати суғурта шумораи калони барномаҳои суғурта вуҷуд дорад (ВЗР), ки дар худ маҷмуи хавфҳои гуногунро мегирад. ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии «БИМА» ҷадвали барномаҳои беҳтари мувофиқ ва муносиби талабшавандаи саёҳон, суғуртаи (ВЗР) сафаркунандагон ба хориҷаро дар нақшаи таносуби нархҳо ва маҷмуи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда таҳия намудааст. 

Суғуртаи сафаркунандагон ба хориҷа, шакли суғуртаи ихтиёрӣ мебошад, вале харид кардани полиси сафаркунандагон ба хориҷа барои гирифтани раводиди воридшавӣ дар баъзе кишварҳо шарти зарурӣ мебошад.  

Барномаҳои пешниҳодшавандаи суғурта:
Барномаи «Хароҷотҳои тиббӣ» Барнома, корманди Шуморо бо кумаки тиббӣ дар хориҷа таъмин менамояд ва махсусан пардохти хизматрасонии табибон ва бемористон, агар ҳолати нохуш рух дода бошад (масалан – осеб, вайроншавии хурока, ҲНР, газиши кана, сузиш ва ғайраҳо) ё  бемории шадиди ногаҳонӣ.

Маҷмуи минималии хавфҳо аз руи полиси сафаркунандагон ба хориҷа (ВЗР) дар худ чунин хавфҳоро дохил мекунад:  
— Пардохти хароҷотҳои тиббӣ;
— Пардохти ёрии таъҷилии дандонпизишкӣ; 
— Хароҷотҳои нақлиётӣ;
— Кашондан ё молрасонии тиббӣ;
 Баргардонидан дар ҳолати марг.

Барномаи «Гум кардани бағоҷ». Гум кардани бағоҷ дар вақти сафар кардан нохушиҳои зиёд меорад, барои ҳамин, то ки бе ашёҳои худ намонед ё ҷуброни онҳоро баргардонед, меарзад, ки суғуртаи бағоҷро гузаронед. Гум кардани бағоҷ метавонад бо сабабҳои гуногун рух диҳад. Ашёҳо метавонанд ҳангоми парвоз кардан ба фурудгоҳ нопадид гарданд, метавонанд дуздида шаванд ё дар лаҳзаи садама, сухтор, сел ва дигар ҳолатҳои ғайри чашмдошт несту нобуд гарданд. Ин барнома аҳамияти махсуси калон барои касоне дорад, ки бо якчанд интиқолдиҳанда сафар мекунанд, дар баробарии он эҳтимоли пурраи боздоштан ё гум кардани бағоҷ вуҷуд дорад. 

Барномаи «Қатъ гардидани сафар». Барномаи суғуртавӣ дар ҳолате ба расмият дароварда мешавад, ки агар сафар бо яке аз сабабҳо сурат нагирад ё муҳлати будубош дар хориҷа ихтисор карда шавад. Сайёҳ метавонад пардохти суғуртавиро гирад, агар ӯ бо сабаби вазъиятҳои гуногуни ҳаётӣ ба хориҷа нарафта бошад, ки аз вай вобастагӣ надошт. Полиси суғуртавӣ метавонад чунин ҳодисаи суғуртавиро ба мисли дасткашии рафтан ба сайёҳат бо сабаби беморӣ ё даст кашидан аз ба расмиятдарории раводидро пешбинӣ мекунад. 

Барномаи «Масъулияти шаҳрвандӣ». Аксар вақт ба хориҷа сафар карда бисёри сайёҳон худро дар ҳолатҳои ғайричашмдошт пайдо мекунанд. Масалан кушиш мекунанд, ки таасурот бахшанд ё ҳамту дар роҳи лижаронии куҳӣ лижаронӣ кунанд, бисёре аз истироҳаткунандагон меафтанд, лижаро мешикананд, баъзан пойи роҳгузаронро аз паҳлуи лижаронҳои куҳӣ. Барои он ки низоъи ба вуҷуд омада дар мурофиаҳои судӣ инкишоф наёбад, зарур аст, ки масъулияти шаҳрвандии худро қаблан суғурта намояд. Шахси зарар расонида уҳдадор аст, ки зарари Ҷабрдидаро пурра ҷуброн намояд. Ҳангоми суғурта кардан аз руи барномаи мазкур, уҳдадориҳои мазкур ба зимаи БИМА гузошта мешавад ба шарте, ки зарар барқасдона расонида нашуда бошад ва инчунин дар ҳолати мастӣ, мадҳушӣ ё мастшавии нашъавӣ қарор надошта бошад. 

Барномаи «Ҳолати нохуш». Барномаи суғурта ҳангоми аз даст додани қобилияти корӣ дар натиҷаи ҳолати нохуш, ҷуброни пурраро пешбинӣ менамояд. Ҳангоми осебҳои на он қадар сахт вобаста аз вазнинии он фоизҳои дахлдори ҷуброн пешбинӣ гардидааст. Сайёҳ пас аз баргаштан аз сафар ҷуброни модиро мегирад. Ин метавонад дар давраи барқарорсозии саломатӣ лозим гардад чунки зарур меояд, ки ба беморхона ташриф биорад, амалӣ кардани қоидаҳои таъйин гардидаи табиб. Ҳамаи хароҷотҳои моддӣ, ки пас аз баргаштан ба хона, ба миён меояд, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш пардохт менамояд. 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва ба расмият даровардани полиси суғуртавӣ аз ҳодисаҳои нохуш, Шумо метавонед ба идораи ширкати мо ба воситаи дархости-мустақим ирсол намоед, ё ба идораҳои шарикони мо ташриф биёред.

Бартарии суғурта:
— Баланд бардоштани симои корхона аз ҳисоби ҷузъи иловагии пешниҳодшавндаи ҳифзи иҷтимоӣ.
— Баланд бардоштани эътимоднокии корманд ба ширкат.
 Қонеъ гардонидани яке аз шартҳои гирифтани раводиди воридшавӣ.
 Имконияти ба расмиятдарории якчанд маротибавии полиси суғуртавӣ ҳангоми сафарҳои кории такроршаванда.
 Усули инфиродӣ ба мизоҷони корпоративӣ.
 Ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғуртавӣ хизматрасонии сатҳи баланди шарикони мо, ширкати кумакрасон «Europ Assistance».
— Пардохти суғуртавӣ 24 соат дар як рӯз дар ҳамаи гушаи дунё амал мекунад. 

Шарикӣ:
Шарикони мо оиди пешниҳод кардани хизматрасониҳои ёрирасон дар ҳудуди тамоми дунё, ширкати  «Europ Assistance» мебошад.