Суғуртаи масъулияти умумишаҳрвандӣ

Барнома баҳри ҳифзи манфиатҳои молумулкии Корхона, алоқаманд бо вазъиятҳои пайдошаванда дар натиҷаи зарар расонидан ба шахсони сеюм равона шудааст. 

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари расида ба шахсият ё молумулки шаҳрванд, инчунин зарари ба молумулки шахси ҳуқуқи расида, ҷоизи пардохти пурра аз тарафи шахси зарар расонанда мебошад.

Ҳаҷми ниҳоии зарар, ки метавонад корхона расонад ҷоизи ҳисоббаробаркунӣ ва пешгуйӣ буда, ин нисбати зарар, ки корхона метавонад ба шахси дигар расонад бакифоягӣ душвор аст. Масъулият барои зарар аз ин ҳодисаҳо метавонад ба маблағҳои калон ҳисоббарорӣ карда шавад ва руйхати чунин мисолҳо басо бузург аст.
Дар амалия бисёри ҳолатҳое дучор мешавад, вақте, ки резиши на он қадар зиёди об, алоқаманд бо таъмири бино, хариди таҷҳизот ва мебели нави дар ошёнаҳои зер ҷойгир буда, ки бо об зарар дидааст, ба хароҷоти миллионҳо бар мегардад. Сухтор низ метавонад сабаби хароҷотҳои зиёд вобаста бо ҷуброни арзиши молумулки шахсони дигар ва бо ҷуброни зарар ба ҳаёт ва саломатии ҷабрдида гардад.

Ташкилоти суғуртавии «БИМА» усули кам намудани ба монанди ин намуди хавфҳоро барномаи суғуртаи масъулияти умумишаҳрвандии шахсони ҳуқуқиро пешниҳод менамояд. Барномаи мазкур дастгирии молиявии корхонаро ҳангоми пайдо шудани зарарҳо, ки дар натиҷаи зарар расонидани шахсони сеюм ва расонидан дар натиҷаи ин хароҷотҳои иловагӣ вобаста бо амалӣ кардани фаъолият ё иҷро кардани амал аз ҷониби корхона, мусоидат менамояд.

Хавфҳои суғуртавӣ: 
— «Масъулият барои зарар расонидан ба ҳаёт ва саломатии шахсони сеюм»;
— «Масъулият барои зарар расонидан ба молумулки шахсони сеюм».

Бартарии суғурта: 
— Ҳифзи молиявӣ ҳангоми фарорасии ҳодисаҳои ғайричашмдошт алоқаманд бо бамиён омадани уҳдадории ҷуброни зарар ба шахси сеюм;
— Барномаи боэътимоди аз нав суғуртакунии хавфҳо, ҳамкорӣ бо шарикони пешрафтаи сатҳи ҷаҳонӣ;
— Баланд бардоштани устувории молиявии корхона.

Пардоти суғуртавӣ кумак мерасонад: 
— Пардохт кардани хароҷотҳо ҳангоми бавуҷуд омадани эродҳо аз тарафи шахсони сеюм;
— Паст гардонидани эҳтимолияти бавуҷудойии мурофиаҳои судӣ.