Суғуртаи воситаҳои нақлиёт

Барнома баҳри ҳифзи молиявии корхона дар ҳолати фарорасии ҳодисаҳои ғайричашмдошт ҳангоми истифода бурдани нақлиёти автомобилии хизматӣ равона шудааст. 

Парки нақлиётӣ барои корхона – масъулияти калон дорад. Ҳарчи бештар нақлиёт дар корхона бошад, ҳамон қадар хавф бо талафоти молиявии ғайричашмдошт вобаста бо истифодабарии воситаҳои нақлиёт бархурд мекунад. Чун дар роҳ метавонад ҳарчӣ рух диҳад. Чи тавр аз ҳолатҳои нохуш ва талафоти молиявӣ канорагирӣ ва пешгирӣ кард?
Ташкилоти суғуртавии «БИМА» ба мизоҷони худ маҳсулоти суғуртавии «Автокаско»-ро пешниҳод менамояд.

Суғурта аз рӯи барономаи «Автокаско»
Ғояи асосии «Автокаско» аз он иборат аст, ки агар ба нақлиёти суғурташуда зарар расад, дар ин вақт Ташкилоти суғуртавии «БИМА», бо роҳи равона кардани нақлиёти нуқсондоршуда ба беҳтарин таъмиргоҳи нақлиётии Тоҷикистон, пардохти суғуртавиро амалӣ менамояд. Ва дар сурати гум шудан ё пурра несту нобуд гаштан – пардохти суғуртавӣ дар ҳаҷми арзиши воситаии нақлиёт амалӣ карда мешавад. 

Барномаи «Автокаско» ҳодисаҳои зеринро пардохт мекунад:
1) Зарари воситаи нақлиёт:
— ҲНР, сухтор, таркиш;
— офати табии;
афтиш/афтидани ашёҳои бегона; 
зарар аз тарафи ҳайвонот;
амалӣ ғайриқонунии шахсони сеюм.
2) Рабудани воситаи нақлиёт.

Бартарии барномаи «Автокаско»:
— Низоми пардозти  «нав бар ивази куҳна» - ҷуброни зарар бе назардошти фарсудашавии узлҳо ва деталҳо, ки ҷоизи иваз кардан мебошанд амалӣ карда мешавад.
— Хизматрасонии босифат таъмири нақлиёт дар беҳтарин НХТА-и Тоҷикистон ё дар дилери расмӣ ташкил карда мешавад.
— Дастгирии Ташкилоти суғуртавии «БИМА»  ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғуртавӣ, Суғуртакунанда бо имкони ташриф овардани озмоишгари ширкати мо ба ҷойи ҳодиса, дастгирии иттилоотию танзимгариро таъмин менамояд.