Суғуртаи моликияти корпоративӣ

Барнома баҳри ҳифзи устувории молиявии корхона ҳангоми фарорасии ҳодисаи ғайричашмдошт алоқаманд бо молумулки ӯ равона шудааст.

Суғурта механизмҳои боэътимоди идоракунии хавфҳо, инчунин воситаҳои дарозмуддати банақшагирӣ ва  устувории молиявии корхона мебошад. Ҳар як кас метавонад аз зарари молумулк дар натиҷаи сухтор, обзанӣ ё дуздӣ ҷабр бинад, вале зарари корхона махсусан васеъ мешавад. Вайроншавӣ ё гум шудани молумулк метавонад ба истеҳсолоти оддӣ оварда расонад, ихтисоршавии музди меҳнати кормандон ва дар ҷамъ – маҳрумшавӣ аз даромад. Аз ҳама қарори бошууронаи дорандаи тиҷорат, ин суғуртаи молумулки ташкилот мебошад. 

Воситаи мазкури банақшагирии устувории молиявӣ кайҳо боз қисми ҷудонашавандаи банақшагирии стратегии корхонаҳо дар давлатҳои Аврупо ва дар Руссия мебошад.

Ташкилоти суғуртавии «БИМА» барномаи суғуртаи молумулки шахсони ҳуқуқиро аз оташ ва дигар хатарҳо пешниҳод менамояд. Барномаи мазкур кумак мерасонад, ки дар ҳолати вайроншавии қисман ва ё несту нобудшавии пурраи молумулки суғурташуда хавфи зарари воситаҳои пулиро паст намояд.

Ба суғурта намудҳои зерини молумулк қабул карда мешавад:
— Мулумулки ғайри манқул – идоравӣ ё биноҳои анборӣ, дигар иншоот;
 Молумулки манқул – таҷҳизоти истеҳсолӣ, техникаи маишӣ, техникаи электронӣ, мебел, дигар молумулк;
— Воситаи молию модӣ дар гардиш – мол дар анбор ё дар нуқтаҳои савдоӣ; 
— Аз дастдиҳии даромад, алоқаманд бо танаффус дар фаъолияти тиҷоратӣ.

Хавфҳои суғуртавӣ:
— Сухтор;
 Зарбаи нурӣ;
— Таркиш; 
 Афтидани объектҳои бегона; 
— Офатҳои табиӣ;
 Вайроншавии об ва дигар моеъ; 
— Дуздӣ, рабудан, ғоратгарӣ;
— Амали барқасдонаи шахсони сеюм; 
— Равон шудани воситаи нақлиёт;
— Задухурди зарф (шиша).

Бартарии суғурта:
— Ҳифзи молиявии корхона дар ҳолати қисман ё пурраи гум гаштани молумулк, ки хавфи зарари молиявиро ҳангоми фарорасии ҳодисаҳои ғайричашмдошт паст менамояд.  
— Кафолатнокии ҷуброни зарарҳои расида вобаста бо зарарҳои қисмани молумулк, ки барқароршавии молумулки вайроншударо аз ҳисоби Ташкилоти суғуртавӣ имкон медиҳад.
— Амали барнома – 24 соат дар як руз 365 рӯз дар як сол. 
— Пардохти суғуртавӣ дар як вақт дар давоми 14 рӯзи корӣ амалӣ карда мешавад. 

Пардохти суғуртавӣ кӯмак мерасонад:
— Пардохт кардани хароҷотҳо барои барқарорсозии молумулке, ки ба он зарар расида буд.
 Пардохт кардани хароҷотҳо барои харид кардани молумулки нав ҳангоми гум пурра гум гаштан ё несту нобудшавии он. 
 Канорагирӣ кардан аз оқибатҳои нохуш, алоқаманд бо қисман ё пурра гум кардани молумулк, аз ҷумла ҷуброни молиявӣ барои танаффус дар фаъолияти тиҷорати корхона.