Суғуртаи бор дар роҳ

Барномаи мазкур баҳри таъмини ҳифзи молиявӣ дар ҳолати вайроншавӣ, гум шудан ё несту нобуд гаштани бор ҳангоми интиқоли он, равона шудааст.

Ҳангоми иҷро кардани додугирифти хариду фурӯш давраи дароз ба ҳади имкон вуҷуд дорад, вақте, ки моли фурухташаванда алакай аз чашми назар дур гардид, вале то ҳол ба дасти харидор нарасидааст. Ин дар лаҳзаи интиқолдиҳӣ рух медиҳад.   

Борҳо бисёртар нопадид мегарданд, чапа шуда аз назар ғайб мезананд. Тибқи омор зарари бештар дар дуздӣ ва нокифоягии бор, инчунин дар вайроншавии мол дар роҳ бамиён меояд. 

Барои ҳифз кардани худ аз талафотҳои модии имконпазир ҳангоми интиқол додани молҳо, фурушандагон, харидорон, интиқолдиҳандагон ё экспедиторҳо (вобаста аз шарти расонидани мол) ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат мекунанд.  

Ташкилоти суғуртавии «БИМА» барномаи суғуртаи борҳоро пешниҳод менамояд. Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки аз зарарҳои молиявӣ вобаста ба несту нобудшавӣ, гум гаштан ё нуқсондоршавии бор канорагирӣ кард.

Барномаи суғуртаи борҳо:
— «Масъулиятнокӣ барои ҳамаи хавфҳо»;
 «Масъулиятнокӣ барои садамаҳои шахсӣ»;
— «Бемасъулиятӣ барои вайроншавӣ ба ғайр аз ҳолатҳои чапашавӣ».

Ҷуброни иловагӣ:
— Хавфҳои ҳарбӣ ва корпартоӣ;
 Хавҳои ҳароратӣ;
 Хавфҳои террористӣ;

Бартарии суғурта:
 Ҳифзи молиявӣ дар ҳолати қисман ё пурраи гум гаштани бор – пастшавии хавфҳо зарарҳои молиявӣ;
 Кафолатнокии ҷуброни зарарҳои расида вобаста бо зарар расонии бор, вайроншавии пурраи контейнер;
 Барномаи боэътимоди аз нав суғуртакунии хавфҳо, ҳамкорӣ бо шарикони пешрафтаи сатҳи ҷаҳонӣ;
 Амали барномаи суғуртакунӣ барои тамоми давраи ҳамлу нақл, аз ҷумла боркунӣ ва борфарорӣ паҳн карда мешавад;
 Ташкилоти суғуртавии «БИМА» имкон медиҳад, ки хубтарин, ва варианти мувофиқи ҳифзи суғуртавиро интихоб намоед;
 Иҷроиши талаботи шарикон, қарзгирандагон, маблағгузорҳо аз руи мавҷуд будани пардохти суғуртавӣ (масалан, суғуртакунии ҳамлу нақли байналмилалӣ ва ғайраҳо).

Пардохти суғуртави кумак мерасонад:
— Пардохт кардани хароҷотҳо барои барқарор кардани боре, ки ба он зарар расидааст;
— Канорагирӣ кардан аз оқибатҳои нохуш, алоқаманд бо қисман ё пурра гум кардани бор.

Шарикӣ:
Барномаи мазкури суғуртавӣ дар якҷоягӣ бо шарикони мо Ширкати суғуртавии «СОГАЗ». Таҳия шудааст.СОГАЗ яке аз калонтарин ширкати суғуртавии Руссия мебошад, ки  фаъолияти Суғуртакунандаро дар соҳаи ҳамлу нақли нақлиётӣ пешбарӣ мекунад.