Суғуртаи масъулияти молистеҳсолкунандагон

Барнома баҳри ҳифзи манфиатҳои молумулкии моли истеҳсолкунандагон вобаста бо уҳдадории ба миён меомада дар натиҷаи зарар расонидан ба истеъмолкунанда равона шудааст.

Дар солҳои охир ҳолатҳои изҳори эродҳо ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳаҳои савдоӣ аз истеъмолкунандагон, ҷабрдидагон ҳангоми истифодаи маҳсулотҳои истеъмолшуда ё иҷрошудаи онҳо  бисёр гардид. Дар аксари ҳолатҳо Мақомотҳои судӣ қарор дар бораи қонеъгардонии талаботҳои даъвоии монандро ворид намуда бо меъёрҳои кодекси шаҳрвандӣ ва инчунин қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунанда асоснок менамояд.

Уҳдадории ҷуброн кардани зарар аз руи даъвои изҳоршудаи истеъмолкунандагон метавонад зарбаи сахт ба устувории молиявии ҳар як корхона расонад, ҷалб кардани воситаи пулӣ аз фаъолияти асосии корхона, бе дарназардошти тақдири шахсони ҷабрдида, хешони онҳо ва инчунин аз ҳама заруртарин барои ҳамаи истеҳсолкунандагон метавонад зарар ба шуҳрат ва маъруфияти ва ба тамғаи савдоии маҳсулотҳои истеҳсолкунанда расонад. 

Ташкилоти суғуртавии «БИМА» усули кам кардани намуди хавфҳои монандро – Барномаи суғуртаи масъулият барои зарари расонидаи истеҳсолшуда ё иҷрошудаи маҳсулот ё хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд. Барномаи мазкур ҳифзи суғуртаи молистеҳсолкунандаро дар ҳолати ба ӯ изҳор намудани эродҳо дар алоқа бо зарар расонидан ба ҳаёт саломатӣ ё зарар ба молумулки истифодакунанда дар натиҷаи истифода бурдани охирон маҳсулоти нуқсондори истеҳсолшуда (фурухташуда) ё корҳои иҷрошуда (хизматрасонии мусоидатшуда) аз тарафи Суғурташавандаро мутобиқи қонунгузории шаҳрвандӣ таъмин менамояд.

Хавфҳои суғуртавӣ: 
— Зарар расонидан ба молумулкӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи истифода бурдани моли (маҳсулот) харидшуда, ки дорандаи камбудиҳои сохторӣ, таркибӣ ва дигари онҳо мебошад.
— Зарар расонидан ба молумулкӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи камбудиҳои корҳои иҷрошуда ё хизматрасонии мусоидатшуда.
— Зарар расонидан ба молумулкӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи пешниҳод нагардидани пурра ё нодурусти маълумотҳо дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ).
— Зарар расонидан ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон дар натиҷаи камбудиҳои маҳсулотҳои ғизоӣ, мол, корҳои иҷрошуда ё хизматрасониҳои мусоидатшуда.
— Зарар расонидан ба ҳаёт ва саломатии шахсони сеюм пешниҳод нагардидани пурра ё нодурусти маълумотҳо дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ).

Бартарии суғурта: 
— Ҳифзи молиявӣ ҳангоми фарорасии ҳодисаҳои ғайричашмдошт ва дар натиҷаи пайдо гардидани уҳдадориҳо дар назди истеъмолкунандагон.
— Барномаи боэътимоди аз нав суғуртакунии хавфҳо, ҳамкорӣ бо шарикони пешрафтаи сатҳи ҷаҳонӣ. 
— Ташкилоти суғуртавии «БИМА» имконияти хубтари қулай ва мувофиқи интихоби ҳифзи суғуртавиро пешниҳод менамояд. 
— Баланд бардоштани устувории молиявӣ ва симои корхона.
— Имконияти додани полиси ягона аз рӯи якбора суғуртакунии якчанд намудҳои масъулият (ва махсусан полиси хавфҳои пардохткунандаи масъулияти шаҳрвандии ӯ, масъулият барои молҳои истеҳсолшуда, корҳои иҷрошуда ё хизматрасониҳои мусоидат гардида, масъулияти корфармо).

Пардохти суғуртавӣ кумак мерасонад: 
 Пардохт кардан, ҳангоми бавуҷуд омадани эродҳо аз тарафи шахсони сеюм. 
 Кам кардани эҳтимолияти пайдоиши мурофиаҳои судӣ.