Суғуртаи масъулияти интиқолдиҳандагони бор

Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки зарарҳои молиявии боркашонандаро (экспедитор) вобаста бо несту нобудшавӣ, вайроншавии бори суғурташуда хориҷ намояд.
Ҳангоми иҷро кардани додугирифти хариду фуруш, давраи дароз ба ҳади имкон вуҷуд дорад, вақте, ки моли фурухташаванда алакай аз чашми назар дур гардид, вале то ҳол ба дасти харидор нарасидааст. Ин дар лаҳзаи интиқолдиҳӣ рух медиҳад.

Борҳо бисёртар нопадид мегарданд, чапа шуда аз назар ғайб мезананд. Тибқи омор зарари бештар дар дуздӣ ва нокифоягии бор, инчунин дар вайроншавии мол дар роҳ бамиён меояд. Барои ҳифз кардани худ аз талафотҳои модии имконпазир ҳангоми интиқол додани молҳо, фурушандагон, харидорон, интиқолдиҳандагон ё экспедиторҳо (вобаста аз шарти расонидани мол) ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат мекунанд. 

Ташкилоти суғуртавии «БИМА» барномаи суғуртаи масъулияти боркашонандаро (экспедитор) пешниҳод менамояд. Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки аз зарарҳои молиявӣ вобаста бо вазъиятҳои боркашонанда (экспедитор), канорагирӣ карда зарари расида ба шахси сеюмро дар лаҳзаи интиқолдиҳӣ ҷуброн намояд, аз ҷумла соҳибони бор.

Барномаи асосии суғуртаи масъулияти боркашонанда/экспедитор:
— Масъулият барои бор; 
— Уҳдадорӣ оиди пардохти боҷҳои гумрукӣ дар натиҷаи гум гаштани бор;
 Пардохти зарарҳо вобаста бо ба таъир андохтани интиқоли бор.

Бартарии суғурта:
— Ҳифзи молиявӣ дар ҳолати фарорасии қисман ё пурра гум гардидани бор – паст гардидани хавфҳои зарарҳои молиявӣ.
 Суғуртаи масъулияти боркашонанда (экспедитор) имконияти ситонидани воситаҳои пулиро барои зарари расонида ба борро аз боркашонанда хориҷ мекунад. 
 Барномаи боэътимоди аз нав суғуртакунии хавфҳо, ҳамкорӣ бо шарикони пешрафтаи сатҳи ҷаҳонӣ.
— Ташкилоти суғуртавии «БИМА» имконияти хубтари қулай ва мувофиқи интихоби ҳифзи суғуртавиро пешниҳод менамояд.

Пардохти суғуртавӣ кумак мерасонад:
— Пардохт кардани хароҷотҳо барои барқарорсозии бори зарардида.
— Канорагирӣ кардан аз оқибатҳои нохуш, вобаста бо пурра гум гаштани бор.

Шарикӣ:
Барномаи мазкури суғуртавӣ дар якҷоягӣ бо шарикони мо Ширкати суғуртавии «СОГАЗ» таҳия шудааст. СОГАЗ яке аз калонтарин ширкати суғуртавии Руссия мебошад, ки фаъолияти Суғуртакунандаро дар соҳаи ҳамлу нақли нақлиётӣ пешбарӣ мекунад.