Суғуртаи масъулияти ронанда

Барномаи суғуртавии мазкур баҳри кам кардани хавфҳои молиявии корхона, ки метавонад дар назди шахси сеюм дар натиҷаи ҲНР бо иштироки воситаи нақлиёти автомобилии хизматӣ бавуҷуд ояд, равона шудааст.  

Нақлиёти хоҷагидории корхона қариб, ки доимо даҳҳо ва ҳатто садҳо нақлиётҳоро ташкил медиҳад. Ва ҳарчи бештар дар корхона шумораи воситаҳои нақлиёт бошад, ҳамон қадар эҳтимолияти фарорасии ҳодиса бештар мегардад, вақте, ки корхона зарари молиявии ҷидиро вобаста бо истифодабарии автопарк метавонад расонад.

Зарарҳои молиявӣ барои барҳамхурии оқибатҳои ҲНР метавонанд беандоза баланд бошанд ва барои даромади корхона несту нобудӣ оварад. Барои роҳ надодан ба ин, зери назорат гирифтани вазъият, автопарки корпоративӣ бояд суғурта шуда бошад.

Ташкилоти суғуртавии «БИМА» ба диққати Шумо барномаи суғуртаи масъулияти нақлиёти шаҳрвандиро пешкаш менамояд.  Таъйин гардидани барномаи мазкур – ҳифзи молиявии корхонаро ҳангоми бавуҷуд омадани масъулият дар назди шахси сеюм ҳангоми ҲНР бо роҳи ҷуброн кардани ҷониби ҷабрдидагон бо ҷуброни пулӣ таъмин менамояд.      

Хавфҳои суғуртавӣ:
— Зарари расида ба молумулки шахсони сеюм. 
— Зарари расида ба ҳаёт ва саломитии шахсони сеюм.

Бартарии суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ
— Ҳифзи буҷети корхона аз пардохти ҳатмӣ ба шахси сеюм барои расонидани зарари молумулкӣ ва ё ба саломатӣ.
— Зарур набудани харҷ барои муносибат/ батанзимдарории эродҳо аз шахсони ҷабрдида, аз номи ӯ инро ташкилоти суғуртавӣ иҷро мекунад.
— Зарур набудани пардохт намудани зарари ба нақлиёти ӯ расида дар назди шахси сеюм.