Приоритет

Барнома баҳри ҳифзи уҳдадории қарзгиранда дар назди ташкилоти қарзӣ равона шудааст. 

Дар замони мо Кредит барои ҳалли масъалаҳои мухталиф, қонеъ кардани талаботҳои ҳамарӯза ё амалӣ намудани идеяҳои ҷолиб имконият фароҳам меорад ва баъзан ҳатто имкон медиҳад, ки орзуи деринаамон амалӣ гардад. Барои соҳибкорон бошад, Кредит имконият медиҳад, ки тиҷорати худро рушд диҳанд.
Бо донистани ҳаҷми даромад ё фоидаи тахминии худ, Қарзгиранда ҳангоми муроҷиат ба Ташкилоти қарзӣ ҳаҷм ва мӯҳлати пардохтҳои қарзии барои ӯ иҷозатдодашударо ба ҳисоб мегирад.

Аммо омилҳое ҳастанд, ки Қарзгиранда онҳоро пешакӣ ба ҳисоб гирифта наметавонад. Ин омилҳо, аз ҷумла, инҳоро дар бар мегиранд: Ҳодисаҳои нохуш ва Бемориҳое, ки метавонанд бо ҳар кас ва дар ҳар вақт рӯй диҳанд. Дар натиҷа, Қарзгиранда хавфи корношоям шудан ё ҳатто аз он ҳам бадтар, хатари аз ҳаёт маҳрум шуданро дорад. Дар баробари ин, ӯҳдадориҳои қарзгиранда дар назди ташкилоти қарзӣ дар ҳеҷ куҷо нопадид намешаванд ва масъулияти пардохти қарз ба дӯши хешовандон ва наздикон, зоминони ӯ вогузор карда мешавад.

Барои он ки Қарзгиранда дар ҳолати рух додани чунин ҳодисаҳо худро муҳофизат карда тавонад ва аз хароҷоти молиявии ғайричашмдошт эмин монад, Ширкати суғуртаи «БИМА» Барномаи суғуртаи «Афзалият»-ро таҳия кардааст.

Идеяи асосии Барнома аз ин иборат аст:
Агар қарзгиранда дар давоми Шартномаи кредитӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё беморӣ коршоямии худро аз даст диҳад ё аз ҳаёт маҳрум шавад, Ташкилоти суғуртавӣ ба ҷои Қарзгиранда Қарзи ӯро ба андозаи маблағи қарздории ӯ дар назди ташкилоти қарзӣ пардохт менамояд.

Ин ба Қарзгиранда имкон медиҳад, ки дар ҳолатҳои ғайричашмдошт бори масъулиятро ба дӯши Ташкилоти суғуртавӣ вогузор намояд, муҷозот ва ҷаримаҳо барои Қарзи ба таъхир андохтаро пешгирӣ намояд, худро ба хешовандон ва дӯстони худ аз ҷиҳати молиявӣ ҳавола нагардонад ва ҳатто барои мутобиқшавӣ дар шароитҳои нави зиндагӣ маблағи муайяне гирад.