Саломати

Ҷадвали нави нақшаи тарофавии «Саломатӣ» дар якҷоягӣ бо ташкилоти суғуртавии БИМА.
Бо пардохти абонентии тарофаҳои «Саломатӣ», ба таври худкор полиси суғуртаро аз ҳодисаҳои нохуш харидорӣ кунед!

Расонидани кӯмак оид ба суғурта:
1. Барои муштарӣ Колл-сентри ширкати БИМА 5511 дастрас мебошад;
2. Мӯҳлати суғурта тибқи НТ барои 1 моҳи тақвимӣ ба андозаи 500 ё 1000 сомонӣ муқаррар карда шудааст;
3. Агар муштарӣ пардохти абонентиро анҷом надиҳад, суғурта пешниҳод намегардад;
4. Новобаста аз ҷароҳат тамоми маблағи суғуртавӣ пардохт карда мешавад;
5. Ҳангоми ҳодисаи нохуш ширкати БИМА бояд дар давоми 60 рӯз огоҳ карда шавад;
6. Ҳудуди суғурта тамоми ҷаҳон аст, ба истиснои минтақаҳои низоъҳои ҳарбӣ;
7. Ҳангоми гузаштан ба НТ «Саломатӣ» ба муштарӣ SMS-огоҳинома дар бораи маълумоти суғурта ва маълумоти www.bima.tj барои тамос фиристода  мешавад;
8. Агар муштарӣ суғурта карда шуда бошад, дар сурати фавти муштарӣ хешовандон метавонанд пардохтро дар ҳаҷми суғуртаи НТ гиранд;

Агар ҳодисаҳо  дар чунин ҳолатҳо рух дода бошанд, ба суғурта дохил карда намешаванд:
дар натиҷаи амали барқасдона барои гирифтани бастаи суғуртавӣ;
дар натиҷаи худкушӣ ё кӯшиши худкушӣ;
дар давоми ҷанг, задухӯрдҳои мусаллаҳона;
дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз машруботи спиртӣ, инчунин ҳангоми заҳролудшавӣ дар натиҷаи истеъмоли моддаҳои нашъадор, доруворӣ ва / ё психотропӣ бе таъиноти духтур;
дар натиҷаи  амалҳое, ки дар ҳолати мастӣ содир карда шуданд;
дар натиҷаи машғул шудан ба ҳама намудҳои варзиш: автомобилӣ, мотоспорт, ҳар намуди варзиши аспдавонӣ, намудҳои ҳавоии варзиш, кӯҳнавардӣ, муҳорибаҳои тан ба тан, тирандозӣ;
ҳангоми рондани ҳама гуна воситаи нақлиёт бе ҳуқуқи ронандагӣ ё дар ҳолати масти алкоголӣ ё нашъамандӣ;
дар натиҷаи сабабҳои мустақиман ва ё ғайримустақим ба бемории рӯҳӣ, фалаҷ, хуруҷи саръи гирифтор шудани шахси Суғурташуда;
дар натиҷаи ҳомиладорӣ, таваллуд ва/ ё оризии онҳо.