Опсия «Сипар»

Дар толори «Toyota Taj Motors» мошин харида, Шумо тӯҳфа мегиред:
— Бастаи хизматрасонӣ барои 3 сол аз «Taj Motors»
— Опсияи суғуртавии «Сипар»

Опсияи «Сипар»- ин фарогирии суғуртаи солона барои шишабандӣ ва чароғакҳои мошини нави шумост + Суғурта барои ҳамаи мусофирон ба маблағи 100,000 сомонӣ аз ҷониби ташкилоти пешқадами суғуртавии «БИМА».

Хавфҳои суғуртавӣ:
Зарар - хавфи қисман вайрон шудан ё тамоман гум шудани қисмҳои шишагин (шишаҳои пеш ва қафо, 4 шишаи дарҳои тирезачадор, шишаи қафо дар қисми бағоҷмонӣ, оинаҳои канорӣ ва чароғакҳо)-и автомобил дар натиҷаи хавфҳои зерин:

• ҲНР (новобаста аз гуноҳи кӣ)
• Сӯхтор
• Таркиш
• Офатҳои табиӣ
• Афтидани ашёҳои бегона
• Амали ҳайвонот
• Амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм

Ҳодисаи нохуш – гирифтани зарари ҷисмонӣ, гурӯҳи маъюбӣ ё аз ҳаёт маҳрум шудани ронанда ё мусофирон дар натиҷаи ҲНР.
Ташкилоти суғуртавии «БИМА» арзиши қисмҳои ивазшударо, яъне шишабандии ВН (шишаҳои пеш ва қафо, 4 шишаи дарҳо бо тирезачаҳо, шишаи бағоҷи қафо, оинаҳои канорӣ ва чароғҳо)-ро дар устохонаи хизматрасонии «Taj Motors» ҷуброн мекунад.