Рахши Бехатар

Маҳсулоти махсуси суғуртавии «РАХШИ БЕХАТАР», ки аз ҷониби Ташкилоти суғуртавии «БИМА» танҳо барои муштариёни «Сайёҳон» таҳия шудааст. Ин Полиси суғурта барои муҳофизати автомобили дар садамаи нақлиётӣ (ҲНР) осебдида пешбинӣ шудааст ва на танҳо ин. Иловатан, ин полис шумо ва мусофирони шуморо аз ҳодисаи нохуш ҳангоми садамаи нақлиёт муҳофизат мекунад.

Воситаи нақлиёте, ки аз барасмиятдарории гумрукӣ гузаштааст, дар базаҳои маълумотии мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном нашудааст, дар БДА ё дигар мақомоти салоҳиятдори бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст ё бояд ба қайд гирифта шавад, суғурта карда мешавад.

Дар асоси шартҳои полис хавфҳои зерин суғурта карда мешаванд:
• Автокаско - хатари вайроншавии ВН, қисмҳои алоҳидаи он, агрегатҳо ва васлҳо дар ҲНР.
• ҲНР (новобаста аз гуноҳи кӣ)
• Сӯхтор
• Таркиш
• Офатҳои табиӣ
• Афтидан ашёҳои бегона
• Амали ҳайвонот
• Амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм

Шартномаи суғурта франшизаи ғайришартӣ дар ҳаҷми 50 фоизи маблағи зарар пешбинӣ мекунад, дар баробари ин, маблағи зарар набояд аз 500 сомонӣ кам бошад.
Ҳодисаи нохуш - гирифтани зарари ҷисмонӣ, гурӯҳи маъюбӣ ё марги ронанда ё мусофирон дар ҲНР. Суғурта тибқи «низоми умумӣ» бе сабти номҳо сурат мегирад.