ОПCИЯ COVID-19

Сайркунандагони азиз!

Дар Ташкилоти суғуртавии Бима шумо метавонед полиси суғуртаи сафаркунандагонро бо опсияи COVID-19, ки дар тамоми ҷаҳон эътибор дорад, ба расмият дароред!
Тарофаҳои полис аз шумораи рӯзҳои сафари шумо ва самте (кишваре), ки ба он ҷо полиси суғурта дода шудааст, вобаста аст. Опсияи мазкур хароҷоти тиббии алоқаманд бо табобати COVID-19-ро то 5000 доллари амрикоӣ ва полиси сафаркунандагон бошад, хароҷоти тиббиро то 30,000 доллари амрикоӣ бо опсияи COVID-19, ки аллакай ворид карда шудааст, рӯйпӯш мекунад.

Бо полисҳои тиббии БИМА сафар карда, шумо бо кафолат афзалияти баланди ҳифзи суғуртавиро аз ҷониби ташкилотҳои азнавсуғуртакунии пешрафтаи ҷаҳонӣ, ки бо Ташкилоти суғуртавии «Бима» шартномаҳои ҳамкорӣ доранд, ба даст меоред!

Мо вақт ва пули мизоҷони худро қадрдонӣ мекунем ва барои ҳама намуди суғуртае, ки мизоҷони мо интихоб мекунанд, беҳтарин хизматрасонӣ ва кафолатҳои баландро пешниҳод менамоем.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан бо маркази тамос бо рақами 5511 муроҷиат намоед.