Аз даст додани кор

Ҳадафи Барнома ҳимояи ӯҳдадориҳои Қарзгиранда дар назди Ташкилоти қарзӣ мебошад.

Дар замон мо Кредит барои ҳалли масъалаҳои мухталиф, қонеъ кардани талаботҳои ҳамарӯза ё амалӣ намудани идеяҳои ҷолиб имконият фароҳам меорад ва баъзан ҳатто имкон медиҳад, ки орзуи деринаамон амалӣ гардад.

Бо донистани ҳаҷми даромади доимии худ, Қарзгиранда ҳангоми муроҷиат ба Ташкилоти қарзӣ ҳаҷм ва мӯҳлати пардохтҳои қарзии барои ӯ иҷозатдодашударо ба ҳисоб мегирад ва мунтазам онро пардохт менамояд, зеро даромади доимии ӯ барои анҷом додани ин кор имконият медиҳад.

Аммо омилҳое ҳастанд, ки Қарзгиранда онҳоро пешакӣ ба назар гирифта наметавонад. Чунин омил аз ҷумла, гум кардани кор мебошад.
Дар замони ноустувори мо ин ҳолат метавонад бо ҳар шахс рӯй диҳад. Аз даст додани ҷои кор худ як ҳодисаи ногувор аст, ки одатан ҳам барои корманд ва ҳам барои аъзои оилаи ӯ боз ҳолати  стресс, депрессия ва албатта, аз даст додани даромад ба миён меояд. Инчунин барои ёфтани кори нав, ки ба талаботи Қарзгиранда ҷавобгӯ бошад, вақт лозим аст. Ва дар барорари ин мушкилот боз ӯҳдадориҳо барои қарз низ мавҷуданд.

Барои кам кардани зарари Қарзгиранда дар ҳолати аз даст додани кор, Ташкилоти суғуртавии «БИМА» Барномаи суғуртаи «Гум кардани ҷои кор» таҳия намудааст.

Идеяи асосии Барнома аз ин иборат аст:
Агар Қарзгиранда дар давоми шартномаи кредитӣ бекор монад, он гоҳ Ташкилоти суғуртавӣ ӯҳдадор мешавад, ки пардохти қарзии ҳармоҳаи ӯро то он даме, ки Қарзгиранда кори нав пайдо кунад, супорад.

Ин ба Қарзгиранда имкон медиҳад, ки дар сурати аз даст додани ҷои кор, бори масъулиятро ба дӯши Ташкилоти суғуртавӣ вогузор намояд, муҷозот ва ҷаримаҳо барои қарзи ба таъхир афтодаро пешгирӣ кунад ва бе ташвиши ҷустуҷӯи маблағи пардохти ҳармоҳаи навбатии қарз, машғули ҷустуҷӯи кори нав шавад.