Амволи ба гарав гузошташуда /дар иҷорабуда

Ҳадафи Барнома ҳимояи ӯҳдадориҳои Қарзгиранда дар назди Ташкилоти қарзӣ мебошад.

Дар замони мо Кредит барои ҳалли масъалаҳои мухталиф, қонеъ кардани талаботҳои ҳамарӯза ё амалӣ намудани идеяҳои ҷолиб имконият фароҳам меорад ва баъзан ҳатто имкон медиҳад, ки орзуи деринаамон амалӣ гардад. Барои соҳибкорон бошад, Кредит имконият медиҳад, ки тиҷорати худро рушд диҳанд.
Бо донистани ҳаҷми даромад ё фоидаи тахминии худ, Қарзгиранда ҳангоми муроҷиат ба Ташкилоти қарзӣ ҳаҷм ва мӯҳлати пардохтҳои қарзии барои ӯ иҷозатдодашударо ба ҳисоб мегирад.

Ҳангоми додани қарзҳои андозаи калон, ҳар як бонк мехоҳад пардохти онҳоро таъмин кунад, ки онро бо ёрии гарави амволи ғайриманқул, таҷҳизоти саноатии қарзгиранда ё дигар намудҳои моликият ба даст овардан мумкин аст. Бехатарии нигоҳдории амволи ба гарав гузошташуда ба манфиати ҳам Қарзгиранда ва ҳам бонк мебошад, аммо касе ба шумо инро кафолат дода наметавонад. Эҳтимоли талафоти қисман ё пурраи амвол хеле зиёд аст. Хавфҳо метавонанд ҳар гуна бошанд, аз хунукназарии Қарзгир то зарар аз офатҳои табиӣ ва катаклизмҳо.

Дар баробари фарорасии чунин ҳолат, дар назди қарзгиранда ба ғайр аз ӯҳдадориҳои қарзиаш, инчунин зарурати барқарор кардани амвол ба миён меояд. Ташкилоти суғуртавии «БИМА» барномаи суғуртаи амволи дар гарав бударо аз сӯхтор ва дигар хатарҳо дар сурати хисороти қисман ё пурра нобудшавии (талафоти) амвол пешниҳод менамояд.

Идеяи асосии барнома аз ин иборат аст:
Агар амволи суғурташудае, ки ба гарав гузошта шудааст, дар давоми мӯҳлати суғурта пурра ё қисман нобуд шавад, он гоҳ Ташкилоти суғуртавӣ зарари расонидаи Суғурташавандаро тибқи шартҳои суғурта ҷуброн мекунад.

Ин ба Қарзгиранда имкон медиҳад, ки дар ҳолатҳои ғайричашмдошт бори масъулиятро ба дӯши Ташкилоти суғуртавӣ вогузор намояд, муҷозот ва ҷаримаҳои қарзи ба таъхир афтодаро пешгирӣ кунад, ба хешовандон ва дӯстони худ аз ҷиҳати молиявӣ мушкилӣ наорад ва имконияти барқарор кардани амволи гумшударо ба даст орад.