Суғуртаи тиббӣ

Барнома барои ҷуброни хароҷоти молиявии корманди Суғурташуда ҳангоми муроҷиат ба муассисаи тиббӣ равона шудааст.
Идеяи асосии суғуртаи ихтиёрии тиббӣ дар он аст, ки агар Суғурташуда ба кумаки тиббӣ ниёз дошта бошад, Ташкилоти суғуртавии «БИМА» кӯмаки тиббиро ташкил мекунад ё хароҷоти Суғурташударо дар ҳолати мустақилона муроҷиат кардан ба муассисаи тиббӣ ҷуброн менамояд.

Афзалиятҳои суғурта:
- Сарфаи вақт. Барои дарёфти ёрии босифати тиббӣ дар ҷустуҷӯи муассисаи тиббӣ ё табиб вақти беҳуда сарф кардан лозим нест.
- Дастрасӣ. Ҳамоҳангсози тиббӣ ҳама вақт дастрас аст ва омода аст, ки ба Суғурташуда барои гирифтани ёрии тиббӣ сари вақт, босифат ва зуд кумак расонад.
- Сифат. Ҳаҷми маблаги сугуртавӣ имкон медихад, ки дар мавриди зарурӣ дар бораи харочот фикр накарда, ёрии заруриро пурра гиред.
- Оила. Ташкилоти суғуртавӣ на танҳо барои суғурташудагони худ, балки нисбати аъзоёни оилаи онҳо низ ғамхорӣ мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки аъзоёни оиларо пайваст кунанд.
-Кам кардани хавфҳои молиявӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошти ҳаёт.
 
Рӯйхати муассисаҳои тиббӣ:
Дар Душанбе:
1. Маркази тиббию эстетикии «Жасмин»   
2. Маркази саломатии №13   
3. Клиникаи стоматологии "Евродент"   
4. Дармонгоҳи «Ибни Сино»   
5. Дармонгоҳи дандонпизишкии Family Dent   
6. Маркази тиббии «Шифо»   
7. Маркази ташхисии «Нурафзо»   
8. Маркази ташхисии «Диамед»   
9. Маркази саломатии Оғохон   
10. Клиникаи дандонпизишкии "Viodent"    
11. Дорухонаҳои «Сифат Фарма»    
12. Лабораторияи клиникӣ ва ташхисии "Фаробӣ"    
 
Дар вилояти Суғд:
1. Дармонгоҳҳои «Лукмони Ҳаким»
2. Клиникаи "Тибби Аҷам"
3 Дармонгоҳи стоматологии «Садаф»
 
Дар Бохтар:
1. Маркази ташхис ва табобати "Даво"
 
Дар шаҳри Хоруғ:
1 Маркази тиббии Оғохон
2 Поликлиникаи шахрӣ
3 Беморхонаи вилоятӣ