Суғуртаи ташкилотҳои молиявӣ

Идеяи асосии суғуртаи маҷмӯии ташкилотҳои молиявӣ ва қарзӣ (BBB) ҳифзи муассисаи молиявии суғурташуда аз зараре, ки дар натиҷаи амалҳои бевиҷдонона, қаллобӣ ва бадкирдоронаи кормандон, инчунин амалҳои шахсони сеюм бо максади расондани зарар ва сарвати гайриқонунӣ мебошад.
Дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳон худи бонк аз хатарҳои ҷиноӣ суғурта карда мешавад ва он ҳатмӣ мебошад ва Bankers Blanket Bond полиси мувофиқи суғурта мебошад, ки он дер боз нишонаи эътимоднокӣ, обрӯю эътибори корӣ ва бехатарии бонк ба шумор меравад. Барномаи суғуртаи маҷмӯии муассисаҳои молиявӣ ҳама намудҳои ҷиноятҳои электронӣ ва ҷисмониро фаро мегирад.

Афзалият:
Арзиши камкардашуда, яъне ду намуди суғурта дар як баста назар ба алоҳидагӣ арзонтар аст.
Фарогирии васеътарини суғуртаи муассисаи молиявӣ ҳам аз амалҳои ҷиноӣ ва ҳам аз хатогиҳо.

Суғуртаи Bankers Blanket Bond - он чиро муҳофизат мекунад?
Зарари вобаста ба беинсофии кормандони сугурташуда;
Зарари вобаста ба гум шудан ё осеб дидани амвол аз биноҳое, ки ба суғурташуда мансубанд;
Зарари вобаста ба гум шудани молу мулк ҳангоми интиқол;
Зарари вобаста ба коғазҳои қиматноки қалбакӣ ва ҳуҷҷатҳои шабеҳ;
Зараре, ки ба суғурташуда дар рафти фаъолияти муқаррарии хоҷагидорӣ дар натиҷаи амалиёт (кор) бо қоғазҳои қимматнок ва хуҷҷатҳои ба хаттии ин монанд расонидашуда;
Талафот вобаста ба пулҳои қалбакӣ;
Зарари вобаста ба осеб дидани молу мулки бинои суғурташуда дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм.